Ҳалҳои инноватсионӣ
барои тиҷорати мутаҳаррик

Ширкат

ҶДММ «Нейрон» соли 2014 ташкил шудааст. Мароми мо — омодасозӣ, бакордарорӣ ва дастгирии техникии ҳалҳои инноватсионӣ барои соҳаҳои гуногуни хонавода, саноат ва молия мебошад.

Мо ҳалҳои маҷмӯавиро барои пардохти мол ва хизматрасониҳо дар интернет пеш мебарем. Сайт ва барномаҳои мутаҳаррикро дар асоси платформаи тиҷорати мутаҳаррик месозем.

Маҳсулот

Ҳоло мо ба коркард ва баистифодадиҳии ду маҳсулоти худи машғулем: ҳамёни электронии «Тезпардохт» ва системаи ҳисоби электронии «Ҳисоб».

Бо ёрии онҳо мо ният дорем, ки ҳамаи намудҳои пардохтҳои электрониро барои истифодабарандагон дар тамоми Тоҷикистон дастрас ва осон гардонем.

Бартариҳои мо:

  • Таҷҳизот
    Дорои марказҳои просессинги ва ҳисоббаробаркунии худӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд.
  • Касбият
    Мутахассисони дорои таҷрибаи бисёрсола дар соҳаи сохтан ва баистифодадиҳии системаҳои худкор мебошанд.
  • Диққатнок
    Муносибати хосса барои ҳалли масъалаҳои ҳар як муштарӣ.
  • Дастгирӣ
    Имконияти пешниҳоди дастгирии ҳамроҳи техникӣ пас аз ба истифода додани лоиҳа.
  • Мувофиқи табъ
    Мавҷудияти таъминоти барномавии асосӣ, ки имкони ба талаботи фармоишгар мутобиқ карданро дорад.
  • Фоида
    Таносуби барои фармоишгар муфиди нарх-сифат-мӯҳлат.

Ҳамёни электронии «Тезпардохт»

Ин яке аз аввалин ҳамёнҳои электронӣ дар Тоҷикистон аст ва имкон медиҳад, ки хизматрасониҳо яккарата ҳам аз тавозуни ҳамён ва ҳам аз кортҳои пластикӣ бе ҳаққи хизмат пардохт карда шаванд.

Тавозунатонро пур намуда, хизматрасониҳоро пардохт кунед, маблағ фиристонед:

  • Алоқаи мобилӣ
    Билайн, Вавилон-М, Мегафон, Тисел — включая Билайн РФ и Мегафон РФ.
  • Интернет
    Вавилон-Т, Интерком, Истэра, Сатурн-онлайн, Телеком-технолоджи, Таджик-телеком.
  • Бозиҳо
    Весёлый фермер, Ворлд оф Варкрафт.
  • Телефон ва NGN
    ГТС, Вавтлон-Т, Интерком, Истэра, Телеком-технолоджи, Таджик-телеком.
  • Хизматрасониҳои ХМК
    Электроэнергия, Водоканал.
  • Пулҳои электронӣ
    Вебмани, Пейпал, Яндекс-деньги

Суратҳисоби ягонаи электронии «Ҳисоб»

Ин системаест, ки дар он ҳамаи хизматрасониҳои хонавода ва дигар хизматрасониҳои пайвасткардаи муштарӣ дар як ҳисоби ягона муттаҳид шуда, барои пардохт пешниҳод мешаванд.

Ҳамаи хизматрасониҳо дар як ҳисоб:

  • Қулай
    Дар барномаи мобилӣ, сайт, терминал ва хазинаҳо пардохт кардан мумкин аст.
  • Зуд
    Ҳамаи амалиётҳо дар якчанд сония иҷро мешаванд.
  • Дастрас
    Хизматрасонӣ шабу рӯз дастрас аст, новобаста аз ҷойгиршавӣ. Танҳо интернет лозим аст.
  • Бехавф
    Дараҷаи волои ҳимояи амалиёт ва додаҳои муштарӣ.
  • Сарфакорона
    Дигар ба шӯъбаҳои ҳар як таҳвилгари хизматрасонӣ ба алоҳидагӣ рафтан лозим нест.
  • Мутаҳаррик
    Усули осонтарини истифодаи система – барномаи мобилӣ.

Кормандон

Дар ширкати мо кормандони касбии баландихтисос кор мекунанд, ки ба канда шудани мӯҳлати лоиҳаҳо роҳ намедиҳанд ва бодиққат ба вазифаҳои гузошташуда муносибат мекунанд.

Мутахассисони мо дар сохтани таъминоти барномавӣ ва дар лоиҳаҳои тиҷоративу ғайритиҷоратӣ ба истифода додани он таҷрибаи калон доранд.

ҶДММ «Нейрон»

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе
Х.  Рӯдакӣ 127, МТ «Рӯдакӣ-плаза»,
Ошёнаи 8 (801, 802)
Кор мекунем аз 8:00 то 17:00 (ДШ–ҶМ)

+992 44 600 00 00